БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, расонидани муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо интихобкунандагони ҷавон вохӯрии судманд баргузор карда шуд.
Дар суҳбат масъулин оид ба Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ҳар як интихобкунандаи ҷавон бояд аз нозукиҳои интихобот, илму техникаи муосир бохабар бошад ва барои аз худ намудани илмҳои замони хеш аз тамоми имкониятҳо истифода барад. Чунки, ояндаи Тоҷикистон маҳз дар дастони ҷавонони ояндасози давлату миллат вобаста аст. ҲХДТ минбаъд низ талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои таҳсилот самаранок истифода намоянд.Бахусус, аз тадбирҳое истифода бояд кард, ки дастрасии ҷавонон ба техналогияи нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осон сурат гирад ва имконпазир бошад.