БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОЕ, КИ БА ВАТАН МЕҲРИ БЕАНДОЗА ДОРАД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тропикӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тропикӣ”, директори марказ Муродов Исомуддин иштирок ва суханрони намуданд.

Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки дар лаҳзаҳои барои Ватан ҳассос ва тақдирсоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ягон ақидае ё фарде ва ё ташкилоте, чӣ дар дохили давлат ва чӣ дар хориҷи он сар нафароварда, бо нияти неки худ содиқ монда, ҳамвататнони ба гирдоби фоҷиа гирифторро раҳо карда, шӯълаи умедро дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба фардои нек афрӯхтанд. Ҳамин меҳру муҳаббати беандозаи Пешвои миллат нисбат ба Ватан буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву навмегардидаи тоҷикнро зери ғояҳои Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати тамаддунофар шиносонд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷҷасумгари симои тоҷик ва амалкунандаи орзуву ормонҳои ҳазорсолаи гузаштагони ин миллат аст ва месазад, ки зери сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи ин абармард гирд омада, баҳри амнияту осоиштагиву рушду нумуи Ватан пайваста иқдом намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg