БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз тарғиб ба татбиқи Паём гузаштем!

ҚУБОДИЁН. Мардуми сарбаланди ноҳияи Қубодиён Паёми имсолаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои худ интихоб намуда, дар амалигардии нуқтаҳои он ҷаҳду талош варзида истоданд.

Бо мақсади баррасии Паёми имсола гуруҳи кории таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, таҳти роҳбарии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода М  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров бо аъзоёни ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулин дар баромадашон қайд карданд, ки дар Паёми худ Пешвои миллат иброз доштанд, ки  “Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ –дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндаги иборат мебошад” тасдиқи ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳия ва қабули  барномаҳои давлатӣ тадбирҳои судмандро дар ин самт амалӣ намуда истодааст.

Ҳамчунин  оиди   эълон намудани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сухан намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳа, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбуди бахшидан ба сатҳи некуаҳволии мардум сухан намуда, даъват бар он карда шуд, ки барои рушд додани ҳунару анъанаҳои миллии хеш, омӯзонидани ҳунар ба насли наврас саҳмгузор бошанд.

Дигар иштирокдорон низ қайд доштанд, ки мо бояд шукрона аз тинҷиву оромии кишвар намуда, дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгири аз майли бегонапарасти миёни ҷавонону занон кӯшиш ба харҷ дода, аз синни хурдсоли дар қалби насли наврас ҳисси худшиносӣ, ватанпарастӣ, доштани эҳтиром нисбат ба калонсолон, муқаддас ва гироми доштани муқаддасоти миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватани азизамонро тарбия намоем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg