ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Ориён»-и ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз баҳри баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Ҳамзамон, аз ҷониби номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҷабборова Гавҳарой кумаки иҷтимоӣ ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шойназаров Бойназар кумаки моддии яквақтаина расонида шуд, ки ин иқдоми нек аз ҷониби пири рӯзгордида бо хушнудӣ пазируфта шуда, миннатдории хешро ба масъулин иброз дошт.