А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чашмасор”-и ҳудуди Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон шудани соли 2020 “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин аз нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат оид ба масъалаҳои соҳаҳои саноат, рушди сайёҳӣ, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, аз ҷумла дуруст ва самаранок истофода бурдани ҳар як қитъаи замин, сохта ба истифода додани муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, боғчаву кӯдакистонҳо ва сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ёдовар шуда, қайд карданд, ки ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.