БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДӢ – ВАБОИ АСР АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдати миллӣ» бо интихобкунандагон  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар рафти чорабинии мазкур баромад намуда, иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби глобалии ҷаҳон ин вабои аср-нашъмандӣ мебошад, ки торафт доман паҳн намуда, тақдири насли ояндаи аҳли башарро ба хатар андохт. Нашъамандӣ инсонро, ба доми ғафлат мекашад, ки дар натиҷа аз ҷамъият қафо монда,  натанҳо худро ба ин беморӣ гирифтор мегардонад, балки тамоми оила ва хешу ақрабояшро низ ба пастиҳо оварда мерасонад. Ин бемории ғайриоддӣ одамро боз ба дигар кирдорҳои ношоиста ҷалб карда, оқибат инсонро ба вартаи марг ё кунҷи зиндон мебарад. Имрӯзҳо барои пешгирӣ аз ин амали нанговар дар тамоми олам, алалхусус дар Тоҷикистон, аз тарафи мақомотҳои дахлдор корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва суҳбатҳои озод мегузаронанд. Ин ғамхории давлат ҷавонон ва наврасонро аз ҳар гуна амалҳои ба монанди нашъмандӣ, дуздӣ, куштор ва дигар намудҳои ифротгароӣ боз медорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg