БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳар ки хандонад ятими хастаро….

ЁВОН. Чанде қабл бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар доираи баргузории  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон қарор доранд!» дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳияи Ёвон Аксияи ҳизбӣ роҳандозӣ карда шуд.

Дар Аксияи мазкур аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия  ба 110 нафар хонандагони муассисаи мазкур, ки дар хобгоҳи мактаб-интернат истиқомат мекунанд, кӯмак расонида шуд. Кӯмаки навбати аз собун, хамираи дандоншӯӣ, шоткаи дандоншӯӣ, атр, крем, гел барои ҳаммом ва ғайра иборат буд.

Маъмурият ва хонандагони мактаб-интернати мазкур иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро давоми иқдомҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин табақаи ниёзманди аҳолӣ арзёбӣ намуда шукргузори намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg