Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор»-и Ҷамоати деҳоти Каленин мулоқот доир гардид.
Дар рафти маҷлис қайд гардид, ки Паёми Роҳбари давлат дастур ва нақшаи кории ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми сокинони ҷумҳурӣ мебошад. Ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паём ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ва сокинон муваззаф мебошанд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар назди вакилони халқ ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати тақвияти дастовардҳои соли гузашта як қатор вазифаҳои муҳимро гузоштааст, ки мо сохторҳои ҳизбӣ метавонем, дар иҷрои аксари ин дастурҳо саҳми бориз гузорем.