ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Фозилон”-и ҷамоати деҳоти Ғайрат бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин иброз доштанд, ки интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардидааст. Инчунин, дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимият нишон дода шудааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Яъне, нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеӣ гардидани ҳокимияти халқ бузург аст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худ дар давоми бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар ин муддат интихобот барои мардуми Тоҷикистон имконеро ба вуҷуд овардааст, ки тавонанд дар ташаккул ва амалӣ гардонидани ҳокимияти худ аз он истифода намоянд.