ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 дар ташкилоти ибтидоии «Даҳбеди Самарқанд»-и Ҷамоати деҳоти Ғайрат мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин иброз доштанд, ки мо дар арафаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем, масъалаи таъмини масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагонро бобати иштироки фаъолонаашон дар интихобот хеле мубрам мешуморем. Шаҳрвандони кишвари мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ин интихобот ширкат намоянд, дар самти муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдориамон бетарафиро ихтиёр накарда, иродаи худро ба ҷонибдории номзади арзанда ва мувофиқ ба табъашон изҳор намоянд.