ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади фаҳмонидани мазмуну моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Ватандор»-и деҳаи Некманзари Ҷамоати деҳоти Ғайрат мулоқот баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд карданд, ки аксар шахсони дорои қобилияти баланди зеҳнӣ ва ботаҷриба ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ шудаанд. Мо, шаҳрвандони кишвар бо интихоби дурусти номзадҳоямон барои таҳияву иҷрои санаду қонунҳои лозима ҷиҳати амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, ки мақсади асосиамон рушду шукуфоии Ватан, беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум аст, саҳми худро мегузорем.