БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №2» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Зимни суханронӣ масъулин иброз доштанд, ки ба ҳамагон маълум аст, ки интихобот роҳи аз ҳама беш интишорёфтаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии давлат буда, дар ҷомеаи муосир ҳамчун низоми аз ҳама бештар демократии ташаккули сохторҳои роҳбарӣ ва идоракунии давлат ба ҳисоб меравад. Табиист, ки ҳуқуқ ва ширкат дар интихобот, яъне интихоб намудан ва ё интихоб шудан аз ҳуқуқҳои волотарини ҳар як фарди ҷомеа шинохта шудааст. Дар баробари ин, таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот яке аз ҳадафҳои роҳбарияти сиёсии ҳар гуна кишвар мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд: “Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд”. Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg