БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ИҶТИПМОИИ АҲОЛӢ ДАР МЕҲВАРИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   дар  ташкилоти ибтидоии   "МНДЭС”  вобаста  ба  таблиғу  ташвиқи  Барномаи  ҲХДТ  ва  номзади  он  ба  Маҷлиси    Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ  баргузор  гардид.  Дар  оғоз  роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид  ба  муҳтавои  Паёми  навбатии   Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ  ибрози андеша намуда, қайд кард, ки ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg