БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҶОМЕАРО АТРОФИ ҒОЯҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МУТТАҲИД НАМУД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба  таблиғу  ташвиқи  Барномаи  ҲХДТ  ва  номзади  он ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ  вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   дар  ташкилоти ибтидоии “Гузари Тор”   баргузор  гардид.

Сароғоз   роҳбарияти Кумитаи иҷроия  дар  бораи   Паёми  навбатии   Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён карда, гуфт, ки Барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки  метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg