БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БА АЗМУ ИРОДА ВА МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ ЗАНОН ҲАМЧУН НЕРӮИ БУЗУРГИ ҶОМЕА ЭЪТИМОДИ КОМИЛ ДОРЕМ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «50-солагии Норак»  оид ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ  оид ба  нуктаҳои муҳими   Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намуда, қайд карданд, ки аз дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”.  Ҳамзамон нисбати ҷавонон бо қаноатмандӣ чунин иброз доштанд: “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дасгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзандаашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Мо бояд аз нерӯи созандаи  занону ҷавонон дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳанги милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоиши терроризму экстремизм истифода барем. Дар рушди  инфрасохтори варзишӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба варзиш ва дигар корҳои солимгардонӣ ҷалб намоем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg