БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КӮШОНИЁН СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ВА НОМЗАДҲОИ ОН ДОИР ГАРДИД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ситоди навбатии пешазинтихоботии  ҲХДТ ва номзадҳои он дар ноҳияи Кӯшониён таҳти роҳбарии раиси Ситод Абдусаломзода Мунаввар доир  гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар бораи вазифаҳои аъзои Ситод дар давраи тарғибу ташвиқи номзадҳои пешниҳоднамудаи ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, дар бораи тасдиқи нақшаи баргузории вохӯрии гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати муаррифии ҲХДТ дар интихоботҳои соли 2020, дар бораи тасдиқи нақшаи тақсимоти нозирони миллӣ (нозирони ҲХДТ) ба участкаҳои интихоботиро мавсуф мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷамъомадагон ҷиҳати  татбиқи масъалаҳои болозикр  даъват ба амал овард.

Бояд тазаккур дод, ки дар Ситод аъзои ситод, ҳайати гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ва нозирони миллӣ, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, кормандони ҳизбӣ фаъолона ширкат варзиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg