
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи сироятӣ" вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд, ки Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии онҳо тамоми шароитро фароҳам оварем. Ҳарчанд, ки натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ мебояд ҳар як табиб бо дили поку меҳнати содиқона ба Ватан хизмат намояд.
Дар охир иштирокчиён ба сухан баромада, таъкид карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, иҷрои он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандонамон хоҳад буд.