БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии "Навбунёд" бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот доир гардид.

Сараввал масъулин   суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат, воқеан ва Барномаи ҲХДТ, дастури корие барои рушди  минбаъдаи  кишвари азизамон буда,  барои  расидан ба ҳадафҳои стратегии дарпешистода   заминаи мусоидро  фароҳам  меорад. Инчунин,  дар рафти суҳбат оид ба  хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ   нисбати ҷавонон ва дастгирии онҳо дар ҳама соҳаҳо  суханронӣ намуда, ҷавононро нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи давлату миллат арзёбӣ намуданд. Дар баробари ин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоботи  парлумонӣ, ки санаи 1.03.2020 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg