
КӮЛОБ. Даври омӯзишии "Аз модар то роҳбар", бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои занону духтарони фаъол барои соли 2020 доир шуда истодааст, бо маром идома дорад.
Ин навбат дар курси мазкур омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, собиқадори ҳизб Сайдалиева Оламбӣ ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, таъкид намуд, ки ҳадафи асосии ин иқдомот пеш аз ҳама таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқи баробарии мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда, мусоидат намудан дар болоравии маҳорату малакаи касбӣ, тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ва баланд бардоштани мафкураи маънавии духтарон мебошад. Сипас, сухани навбатӣ ба Сайдалиева Оламбӣ дода шуда, мавсуф иброз намуд, ки дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллатамон нақши сазовори худро гузоштаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан-модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама вақт нерӯе боқӣ мемонад, ки инсоният ба ӯ эҳтиёҷ дорад. Зеро маҳз ӯ гавҳораи инсониятро меҷунбонад, ӯ ҳасту ҳаёт боқист, ӯ ҳасту чароғи хонадони мо равшан, баракати рӯзгори мо фаровон ва муҳаббат дар ҷомеаи инсонӣ пайдост. Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26. 12. 2018) иброз намуда буданд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем” иброз намуданд Сайдалиева Оламбӣ ва аз таҷрибаҳои фаъолияти роҳбарии худ ва дигар паҳлуи зиндагии занони муваффақ мисолҳо оварданд.