ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Авестои ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён доир ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суҳбат намуда, қайд кард, ки дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ номзадии вакилон ба вакилии Маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ пешбарӣ карда шуданд. Инчунин, мавсуф дар идома қайд карда шуд, ки раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил медиҳад ва ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозид.