БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН БЕНАЗИР АСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби Барномаи ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Саҳми ҲХДТ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон беназир аст”  вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия қайд намуд, ки ҲХДТ вобаста ба дигаргуниҳои замони муосир раванди мутобиқгардониро пешаи худ намуда, тавонист ҳамчун ташкилоти сиёсӣ барои мақоми муайян пайдо намудан дар ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ғояҳояш мубориза мебарад. Зеро бунёди давлати соҳибистиқлоли демократӣ бе қабули қонунҳои ҳимоякунандаи мафиати умум ва иҷрои саривақтиву бечунучарои онҳо вуҷуд дошта наметавонад. Дар фароварди суханронии худ мавсуф аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки барои татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар самти  ободонии маҳал саҳмгузор бошанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg