ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ватан ибтидо аз гаҳвора, зодгоҳ, маҳал сарчашма гирифта, сипас ба Ватанӣ воқеъӣ табдил мегардад. Шахси ватандӯст ободии Ватанро аз хонадони хеш оғоз мекунад. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии “Чоргул”-и Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар маҷлис намояндагони ҳизбӣ роҷеъ ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он, иштироки фаъолона дар интихоботи навбатӣ ва муайян намудани номзади арзанда, истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози ақида намуда, мардумро даъват ба он карданд, ки ободониро аз хонаи хеш оғоз намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сазовор истиқбол намоянд.