ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. То интихобот рӯзҳои ба шумор мондааст ва интихобкунандагон барои иштирок дар интихобот ва муайян намудани вакили арзандаи хеш талош варзида истодаанд. Дар ҳар як деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Ёвон бобати иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии кишвар, интихоби номзади арзанда ва ошноӣ бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳо вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.
Чунин як вохӯрие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Парчасой”-и деҳаи Парчасойи Ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки васеи аҳолӣ баргузор гардид, бозгӯи гуфтаҳои болост. Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ мардумро даъват ба он карданд, ки дар интихобот сарҷамъона иштирок намуда, ҳар як шаҳрванд номзади арзандаи хешро интихоб намуда, дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳми арзандаи хешро гузорад.