БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши занон дар Соли тақвияти робита бо маҳал ва рушди ҳунарҳои миллӣ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади баланд бардоштани нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ мувофиқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия вохӯриҳо бо занонони ҳунарманд ба роҳ монда шудааст.

Бо ин мақсад 18 апрели соли 2018 бо занону духтарони ҳунарманди маҳаллаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбати баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Лола Сулаймонова ва мутахассиси шӯъбаи баҳисобгири Хизридин Асоев иштирок намуда оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзишӣ ҳунарҳои мардумӣ суханрони намуда пешниҳод намуданд, ки дар оянда барои истеҳсоли молҳои хушсифату рақобатпазир дар бозорҳои маҳаллӣ ва пайдо кардани харидорҳои хориҷӣ аз маҳсулоти баландсифати замонавию миллӣ бештар истифода намоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg