ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди деҳаи Ширинкоми ноҳияи Данғара мулоқот баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия иштирок намуда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз дошт, ки Паёми навбатӣ ба мақоми олии қонунгузории мамлакат дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун барномаи мукаммалу мушаххас бо натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат арзиши гарону камназири давлатдориро дар замони муосир соҳиб мебошад. Дар ҳамин доира рушди маҳал ва деҳоти кишвар ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун нуктаи меҳварии Паём арзёбӣ гардид.