БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Меҳрвар”-и ноҳияи Данғара  бо иштироки номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ аз ҳавзаи интихоботии “Данғара №36”  ва  раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия,  миёни  сокинон вохӯрӣ  ва шиносоӣ бо номзад доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯриҳо оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои  2020- 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд. Сипас, Абдулхолиқзода Лутфия дар баромадаш вобаста таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон,  рукунҳои асосии пойдории оила, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва одоби ҳамида дар байни аҳолӣ, пешниҳоди роҳҳои  солимгардонӣ ва таҳкими оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати иқтисодӣ дар самти даромад ва хароҷотҳои молиявии оила андешаронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg