ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони ҳизбӣ дар деӽаи Пахтакори ҷамоати деӽоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бо сокинон мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот роӽбарияти Кумитаи иҷроия доир ба Қонуни Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуда, қайд кард, ки қонуни мазкур самараи нек ба бор овард, барои волидон ӽамчун дастури роӽнамо хизмат карда, онӽоро водор менамояд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошанд, якҷо бо мактаб ва омӯзгорон дар ин самт саӽм бигиранд.
Ҷиӽати иҷрои талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ӽар яки мо бояд бо масъулият кӯшиш намоем, зеро мо дар бораи ояндаи миллату Ватан ӽарф мезанем, мебояд аз ӽамин лаӽзаӽо вақтро зоеъ накарда, дар тарбияю таълими хонандагон талош варзем.