ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Беморхонаи №1-и Ҷамоати деӽоти ба номи Миралӣ Маӽмадалиев вохӯрии судманд баргузор гардид.
Масъулин дар суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои ташвишовари терроризму эктремизм суханронӣ намуданд.
Ӽамчунин дар суханронии худ масъулин оид ба роҳҳои амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудаанд, ёдовар шуда, иброз доштанд, ки татбиқи мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб бояд бошад. Баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.