ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилотҳои ибтидоии «Шӯртеппа» ва «Гулбоғ»-и Ҷамоати шаҳраки Киров доир ба интихоботи нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии намояндагони ҳизбӣ доир ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ суҳбат намуда, қайд карданд, ки дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ номзадии вакилон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ пешбарӣ карда шуданд.