
Бохтар. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” баргузор гардид.
Масъулин зимни суҳбат дар бораи Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳамбастагии инсону табиат бебаҳс аст. Ҳисси эстетикиву дӯстдории наботот, эҳсоси фараҳмандӣ аз бӯи муаттари гулҳо ва ғайра ифодаи манбаи ғизои маънавӣ будани табиатанд.