БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тағиби тарзи ҳаёту афкори солим вазифаи ҳар яки мост!

БОХТАР.  Тибқи нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Колеҷи тиббӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил доир ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим вохӯрӣ баргузор гардид. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни суханрони қайд намуд, ки соҳаи тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола бахши муҳим ба ҳисоб меравад, зеро азму талоше, ки барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, рушди устувори иқтисодӣ ва рушди нерӯи инсонии кишварро таъмин менамояд. Сифат ва дастрас будани хадамоти тиббӣ дар тӯли 26 соли Истиқлолияти Ҷуҳурии Тоҷикистон дар кишвар хеле пешрафта бошад ҳам, лекин ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

Сипас дар идома мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида оид ба Пушидани либоси миллӣ суханрони намуда қайд намуд, ки ҷалб намудани занону духтарон дар самти  ба бар намудани  либоси миллӣ ва даст кашидан аз фарҳанги андешарони кард. Мо имрӯз  бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домони муҳаббати худ тарбия карда ба камол расонидааст, ва онҳоро дар роҳи хизмат ба инсоният дуо додааст. Модарону бибиёни мо ҳамеша фарҳанги бою пурғановати миллати тоҷикро арҷгузорӣ намудаанд.Пас мо низ бояд тақлид ва  бегонапарастӣ накунем аз бибиву модарони худ сабақи зиндагӣ бигирем.

Асадуллозода Ватан оид ба терроризм экстремизм суханрони намуда дарҷ намуд, ки қурбонии амалҳои терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои ифротиро биёмӯзанд ва барои нестии он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg