БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Молияи шаҳр» бо иштироки намояндагони ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъулин доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар ростои “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсатҳои давлатӣ, пешигирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешигирӣ аз содиршавии амалҳои коррупсионӣ ва ғайра суханронӣ карда, гуфтанд, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коррупсия муборизаи беамон эълон гардидааст. Борҳо Пешвои миллат дар баромадҳои хеш аз мардум даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо коррупсия бетараф набошанд. Аз ин рӯ, дар мубориза бо ин амали ношоиста, ки боиси паст шудани обрӯи давлат мегардад, нақши ҳар яки мову Шумо ҳамватанони азиз бузург аст. Пас дар мубориза бо коррупсия бетараф набошед.