БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтиихоботии ҲХДТ ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ташкилоти ибтидоии «Молияи вилоят» вохӯрии ҳизбӣ доир гардид. Дар маҷлиси мазкур намояндагони ҳизбӣ доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар самти мубориза бо коррупсия суханронӣ карда, қайд намуданд, ки коррупсия яке аз ҳадафҳои ҷаҳони мусоир буда, зарари худро ба ҳар як шахси ҷомеа мерасонад. Пешгирӣ намудани ин амали номатлуб вазифаи ҳамаи мо буда, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муайян намудани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо мебошад.