
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, бо таҳлилу далелҳои аниқ иброз гардид, ки соли 2019 барои мардуми Тоҷикистон соли бузургу бобарор ва ноил шудан ба комёбиҳои назаррас буд.
Бояд зикр кард, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат комёбию пешравиҳои бузургро меҳнаткашони кишвар ба даст овардаанд.
Ҳамчунин, нисбати раванди бусуръати созандагию ободониҳо Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки "Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд. Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло ҳам бо маром идома доранд.
Дар воқеъ, таҷдид ва аз навсозии роҳҳо, пулҳо дар ноҳияи Балҷувон низ яке аз амалҳои ватандӯстонаи соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша гардидааст. Пурра азнавсозии роҳи мошингарди аз деҳаи Сари Мазор то деҳаи Чорбоғ ва дар ин масир сохтани данба ба хотири эмин мондани роҳ аз шӯстани сел, намунаи дигаре аз амалҳои созандаву неки соҳибкорон ва мардони саховатпешаи ноҳия ба ҳисоб меравад.
Баҳри амалӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" дар ноҳия як қатор корҳои назаррас амалӣ гашта истодаанд.