ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади амалишавии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Аловиддини Ҷамоати деҳоти Фархор корҳои ободониро ба роҳ монданд.
Дар ин рӯз аз ҳисоби шахсони саховатманди деҳа дар масофаи зиёда аз 1 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта сангфарш карда шуд. Ҳамчунин сокинон тасмим гирифтанд, ки рӯзҳои наздик барои дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ боз чанд километр роҳи дигарро сангфарш ва ҷӯю заҳкашҳоро тоза намоянд.