Ш. ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи Саричашма» ва «Тропикӣ»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ баргузор карданд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ аз Паёми Роҳбари давлат ёдоварӣ каданд, ки дар омадааст: «Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем».
Роҳабрияти Ҷамоати деҳоти Саричашма саҳми табибони беморхонаи қитъавии «Саричашма»-ро дар хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии ҷамоат қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Масъулини Кумитаи иҷроия дар баромади худ бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро, ки ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ нигаронида шудааст, шарҳ доданд.