БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал: аз неруи барқ сарфакорона истифода менамоем ва саҳми худро бо ин васила дар таъмини истиқлолияти комили энергетикї мегузорем!

ВАХШ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда,оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал бо сокинони маҳаллаи "Ангурбоғ" вохӯрӣ доир намуданд.Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади моил шудан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар маҳаллаи болозикр  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Ангурбоғ" таъсис дода шуда, Давлатов Умаралӣ Абдуллоевичро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо тарзи овоздиҳӣ интихоб ва таъин намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg