ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз тарафи масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он, ҳамчунин ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил»-и ноҳияи Шаҳритуз бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид. Масъулон қайд намуданд, ки ҲХДТ идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.