А. ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис котиби масъули Ситод оид ба рафти инъикоси чорабиниҳои тарғиботии пешазинтихоботии ҲХДТ ҳисобот дода, ҳамзамон дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон дар охири маҷлис масъулини ситод баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи интихоботӣ, фаъол гардонидани ситодҳои ҲХДТ дар ноҳия дар мавсими пешазинтихоботӣ супоришҳои мушаххас доданд.