ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Мутрибон»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор карданд.
Зимнан масъулин дар чорабинӣ иброз доштанд, ки вазъияти имрӯзаи геосиёсӣ дар Осиёи Маркази нишондиҳандаи он аст, ки Тоҷикистон дар фазои минтақа ҳамчун давлати миллии соҳибихтиёр дар муқобили ҳама гуна таҳдиду хатарҳои террористону ифротгароён мубориза мебарад ва устувории худро дар баробари бадхоҳонаш кафолат медиҳад. Масъулин иброз намуданд, ки пеш аз ҳама бояд эҳтироми волоияти қонун дар авлавият қарор гирад. Ҳар кишваре, ки дар пояи қонун қадам мезанад, ҳамеша сулҳу субот ва рушди иқтисоди бемайлон насибаш хоҳад гашт.
Мубориза бо терроризм дар кишвар шакли оммавӣ касб менамояд. Яъне, ҳамоҳангии мардум ба тадбирҳои давлатӣ дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ бармалотар мешавад ва муборизаи алайҳи ин зуҳурот қавитар мегардад.