ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фароғатгоҳи Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ баргузор карданд.
Масъулин дар чорабинӣ иброз доштанд, ки дар замони муосири ҷаҳонишавӣ терроризм ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. Ҳоло терроризм яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.
Баромадкунандагон қайд доштанд, ки муборизаи дастаҷамъонаи аҳли башар метавонад пеши роҳи ин зуҳороти номатлуби ҷаҳони имрӯзаро гирад.