БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАИ МО ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Деҳқонобод» бо интихобкунандагон хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои таърихӣ, ба таври шоиста истиқбол хоҳем гирифт. Чуноне, ки Сарвари давлат иброз доштанд: “Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷаъмона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд”, – қайд доштанд масъулони чорабинӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg