Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии «МНДСЭ»-и ноҳияи Носири Хусрав вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро ба интихобкунандагон шарҳ доданд.
Аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии ноҳия номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳавзаи интихоботии №2, узви ҲХДТ, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии Бешкент Сумангул Асадбековаро ба интихобкунандагон шинос карданд.