БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ БАРНОМАИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ғаллаобод”-и Ҷамоати шаҳраки Обикиик, ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар мулоқот масъулин аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Ҳамчунин, нуқтаҳои дахлдори Паёми Президенти мамлакатро шарҳ дода, иброз доштанд, ки Паёми Президент пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg