ХОВАЛИНГ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулистон” аъзои гурӯҳи таблиғотии КИ ҲХДТ ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади таблиғи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020–2025, номзадҳои он ва шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.
Баъди вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ, аъзои Ситод чанде аз беморони бистариро аёдат намуданд.