ХОВАЛИНГ.Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва аъзои Ситоди пешазинтихоботӣ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи ҳизб барои солҳои 2020–2025 ва барномаи номзадҳои ҳизб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҳамчунин фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Гулзор бо интихобкукнандагон вохӯрӣ доир карданд.
Дар идома чанде аз интихобкунандагон дар хусуси барои чӣ дар рӯзи интихобот ба ҷонибдории ҲХДТ овоз доданашонро иброз доштанд.
Дар ин рӯз ҳизбиёни ташкилот ба аёдати бемори бистарӣ, омӯзгори собиқадор Ҷаббор Абдураҳимов рафта, аз аҳволаш бохабар гаштанд.