ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Кӯҳандиёр хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар ин мулоқот нотиқон оид ба пурзӯр намудани маъсулияти падару модар ҷиҳати таълиму тарбия фарзанд, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва илмомӯзӣ тарбия намудани насли ҷавон, боло бурдани сатҳи маърифати сокинон, дар масъалаи сарфакорию сариштакорӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти зиёдатӣ ҳангоми маросими тӯю азодорӣ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, моҳияти мавзӯъҳои болозикрро ба сокинон бо таҳлилу мисолҳои аниқ фаҳмониданд.