БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳровар”-и  Ҷамоати деҳоти Ватан мулоқот баргузор намуданд.

Дар мулоқот масъулин қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳадафҳои стратегӣ, самтҳо, омилҳои рушд, уҳдадориҳо, вазифаҳо, роҳнамоиҳо, пешниҳодҳо ва роҳу усулҳо ба хотири пешбурди самтҳои сиёсати  дохиливу хориҷии мамлакатро дар бар  мегирад.

Мо шаҳрвандони кишвар вазифадор ҳастем, ки дар ҷавоб ба пуштибониҳо, ғамхориҳо ва таваҷҷуҳу дастгирҳои беандозаи  Пешвои миллат ҷиҳати рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва зиндагии шоистаи мардум ҳиссаи арзандаи хешро гузорем ва бо ин васила ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо дастовезҳои  арзанда пешвоз гирем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg