ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лолазор” -и Ҷамоати деҳоти Ватан мулоқот баргузор намуданд.
Дар мулоқот нотиқ вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ–интихоботи дарпешистода суханронӣ намуда, қайд карданд, ки интихобот аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободӣ ва фардои мамлакат фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақазо менамояд.
Аз ин рӯ мо интихобкунандагон бояд шахсонеро ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои дигари вакилони халқ интихоб намоем, ки онҳо дар ҳақиқат шахсони арзанда, дурандеш, оқилу ғамхор, қонундон, сиёсатмадору сухандон, ватандӯсти ҳақиқӣ, озодандеш, некхоҳ, масъулиятшинос ва пуштибони халқу миллат бошанд.