БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО СОХТМОНЧИЁН

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Диловар» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Нотиқон зимни суханронӣ аз ҷумла иброз доштанд, ки Сарвари давлат дар Паём вобаста ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, рушди соҳаи сохтмон ибрози андеша карда, баён намуданд, ки: “Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.

Бо назардошти гуфтаҳои боло масъулин аз кормандони ҶДММ «Диловар», ки асоси фаъолияташон сохтмон мебошад, даъват ба амал оварданд, ки зимни бунёди иншоотҳои иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншоотҳои дигар қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ риоя карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg